Ноябр 04, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Навохтани занги истикборситезӣ дар мадориси Эрон

Занги миллии истикборситезӣ, ҳамзамон бо явмуллоҳи 13 обон Рӯзи донишомӯз дар мадориси Эрон навохта шуд.

Имрӯз (шанбе) сездаҳуми обон (чаҳоруми ноябри 2023) Рӯзи миллии "мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ" дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

44 соли пеш дар чунин рузе (сездаҳуми обони 1358 ҳиҷрии шамсӣ – 4 ноябри 1979) донишҷуёни Эрон дар эътироз ба тавтеаҳои мутааддиди Амрико зидди Инқилоби исломии Эрон, лонаи ҷосусӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.

Ба ҳамин муносибат ва ба гузориши хабаргузории Садо ва симо,  занги миллии истикборситезӣ, ҳамзамон бо 13 обон рӯзи донишомӯз дар мадориси Эрон навохта шуд.

Ин маросим бо иҷрои барномаҳои фарҳангӣ, пахшу иҷрои сурудҳои донишомӯзӣ дар мадраса ва эъломи инзиҷори донишомӯзон аз сиёсатҳои хасмонаи душманон бавижа режими саҳюнистӣ ва Амрико баргузор шуд.

Маросими намодини ин рӯз бо ҳузури Ризомуроди Саҳроӣ, вазири омӯзишу парвариши Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин маросим суруди насли ормониро донишомӯзони мадраса ҳамхонӣ карданд.

Ҳамчунин маросими вижаи Рӯзи миллии мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ имрӯз (шанбе) ҳамзамон бо саросари кишвар дар Теҳрон муқобили лонаи ҷосусии собиқи Амрико бо суханронии Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баргузор шуд.

 

Барчасп