Ноиб-қаҳрамонии Ҳодии Чупон дар рақобатҳои мастеролимпиё
Ноябр 05, 2023 12:14 Asia/Dushanbe
Ҳодии Чупон аз Эрон унвони ноиб-қаҳрамонии рақобатҳои мӯътабари мастеролимпиё дар Калифорнияи Амрикоро аз они худ кард.
Ба гузориши ИСНА, дар поёни рақобатҳои мастеролимпиё 2023 дар Калифорнияи Амрико, Дарк Лансфорд аз кишвари мизбон ба унвони қаҳрамонӣ расид ва Ҳодии Чупон, мулаққаб ба “гурги эронӣ” ба унвони ноиб-қаҳрамонӣ расид.
Брандон Кэри аз Амрико ва Самсон Дайеда аз Британия низ ба медалҳои бринҷӣ даст ёфтанд.

Гуфтанӣ аст Ҳодии Чупон дар мастер- олимпиёи соли 2022 ба медали тило расида буд.
Барчасп