Ноябр 05, 2023 18:10 Asia/Dushanbe

Оҳанги эронии “Духтари пойизӣ” дар байни 8 асари бартари ҷаҳон қарор гирифт.

Такоҳанги “Духтари пойизӣ” ба оҳангсозии Муҳаммадризо Аждарӣ тавонист то финали Мусобиқаи ҷаҳонии мусиқии филм - 2023 пеш биравад.

Ба гузориши ИРНА, Мусобиқаи ҷаҳонии мусиқии филми “Fmcontest 2023 (Film Music Contest) финалистҳои худро дар ҳоле эълом карда, ки номи  Муҳаммадризо Аждарӣ бо оҳанги бекаломи “Духтари пойизӣ” дар миёни ҳашт оҳангсози бартар дида мешавад.

Дар мусобиқаи байналмилалии Fmcontest - 2023 тамаркуз бар осоре аст, ки барои мусиқии филм сохта мешаванд ва Муҳаммадризо Аждарӣ дар бахши мусиқии бекалом муваффақ ба роҳёбӣ ба финали ин мусобиқот шудааст.

Аждарӣ дар солҳои 2021 ва 2022 ҳам бо осори «Нил» ва «Рақси борон» то ниманиҳоии ин мусобиқот пеш рафта буд.

Имсол оҳангсозоне аз ҳафтод кишвари дунё дар мусобиқаи Fmcontest - 2023 ширкат карданд ва ин барои нахустин бор аст, ки номи оҳангсозе аз Эрон дар байни финалистҳои ин мусобиқа қарор мегирад.

 

Барчасп