Раисӣ Душанберо ба мақсади Тошканд тарк кард
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар шонздаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Eco Душанберо ба мақсади Тошканд тарк кард.
Ба гузориши Ирно ; « Сайид Иброҳими Раисӣ » Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз зуҳри чаҳоршанбе дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон, дар нишасти муштараки ҳайатҳои Олии рутбаи ду кишвар, иштирокоти мутаъаддид ва савобиқи деринаи торихӣ, динӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии миёни Эрон ва Тоҷикистонро заминаи муносибе барои густариши равобит дар ҳама абъод донист ва гуфт : Дар ду соли гузашта қадамҳои хубе барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар бардошта шуда, аммо ҳануз то расидан ба нуқтаи матлубе фосилаи зиёдӣ вуҷӯд дорад.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадафгузорӣ барои афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар қадами аввал то сатҳи 500 миллион долларро комилани имконпазир дониства афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ дар бахши нафт, газ, об судӯри хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва дорӯсози дастёби ба ин ҳадаф дар дастрас аст.
Раисони Ҷумҳӯр ва мақомоти Оли рутбаи Эрон ва Тоҷикистон ҳамчунин як баёнияи муштарак ва 18 санад ва тафоҳумномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд .