Ноябр 09, 2023 12:03 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрони ворид Тошканд шуд
    Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрони ворид Тошканд шуд

Сайид Иброҳими Раисӣ ба манзури ширкат дар шонздаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодӣ Эку ва бо истиқболи нахуствазири Узбекистони ворид Тошканд шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ; Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар шонздаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодии Эку ба Узбекистон сафар кардааст, вориди фурудгоҳи байналмиллалии Исломи Каримови Тошканд шуд ва  мавриди истиқболи оқои Абдуллоҳ Орифов нахуствазири ин кишвар қарор гирифт.

Ширкат ва  суханронӣ дар шонздаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодии Эку баргузарии дидорҳои дуҷониба бо сарони бархе кишварҳои ширкаткунанда дар ин Иҷлос аз ҷумлаи барномаҳои сафари як рӯзаи Раисҷумҳӯр ба Узбекистон аст.