Ноябр 09, 2023 13:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раисӣ бар иртиқои сатҳи ҳамкории Эрон ва Узбекистон
    Таъкиди Раисӣ бар иртиқои сатҳи ҳамкории Эрон ва Узбекистон

Раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон гуфт : Ҳадафгузорӣ барои иртиқои бештари сатҳи ҳамкории Эрон ва Узбекистон зарурӣ аст.

Ба гузориши Ирно, « Сайид Иброҳими Раисӣ » раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба манзури ширкат дар шонздаҳумин Иҷлоси Созмони ҳамкории иқтисодии Эку ба Тошканд сафар кардааст, имрӯз панҷшанбе дар дидор бо « Шавкати Мирзиёев » раиси Ҷумҳӯрии Узбекистони зимни ибрози ризоят аз раванди иҷроӣ шудани тавофуқоти миёни ду кишвар ба вижа дар бахши Ой Ти, тиҷорат,  ҳамлу нақл ва  масоили пулӣ ва  банкӣ, бар зарурати ҳадафгузорӣ ва  талош барои иртиқои бештари сатҳи ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои ёд шуда таъкид кард.

Раисӣ дар идомаи тавсеаи таъомулоти сиёсӣ ва  иқтисодӣ бо кишварҳои исломӣ,  ҳамсоя ва  ҳамсӯро аз авлавиятҳои аслии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ унвон кард ва бо ишора ба аҳамияти ҷойгоҳи созмонҳои минтақаӣ дар заминасозӣ барои тасҳили равобит бо кишварҳои ҳамсӯ, баҳрагирӣ аз зарфияти ин созмонҳоро дар ростои тақвияти муносибот ва  таъомулоти фи мобайн зарурӣ донист.

Шавкати Мирзиёев раиси Ҷумҳӯри Узбекистон низ дар ин дидор бар зарурати тақвияти муносибот ва  ҳамкориҳо миёни Эрон ва  Узбекистони таъкид ва аз ифтитоҳи хонаи навоварии Эрон дар Тошканд ташаккур кард ва онро муҷиби ошнои бештари фаъолони иқтисодии ин кишвар бо дастовардҳо, зарфиятҳо ва  таҷрибиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон донист .

Барчасп