Ноябр 11, 2023 12:39 Asia/Dushanbe
  •  Раиси ҷумҳури Эрон роҳии Риёз шуд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури ширкат дар ҷаласаи изтирории сарони Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз роҳии Арабистони саудӣ шуд.

 Ба думболи ҳамлаҳои ваҳшёна ва ҷиноятбори режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми бедифоъи Ғазза, Саид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар пайи як силсила таҳаррукоти дипломатӣ ва дар гуфтугӯҳои телефонӣ ва ҳузурӣ бо сарони кишварҳои исломӣ, пайгири баргузории иҷлоси изтирории сарони Созмони ҳамкории исломӣ буд, ки ин нишаст ба мизбонии раиси давраии ин созмон дар Риёзи Арабистон баргузор мешавад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин дар ҳошияи шонздаҳумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ «ЭКО» дар Тошканди Узбакистон, илова бар таъкид бар зарурати эҷоди фишори кишварҳои исломӣ барои таваққуфи ҷиноёти саҳюнистҳо, бар аҳамияти иҷрои роҳкори матраҳшудаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар бораи қатъи равобити сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ ба унвони роҳкори боздорнда, таъкид кард.

 

Барчасп