60 дарсад содироти Эрон ба Тоҷикистон марбут ба Хуросони разавӣ аст
Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ гуфт: 60 дарсади содироти Эрон ба Тоҷикистон марбут ба устони Хуросони разавӣ аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абулфазли Чамандӣ дар хусуси сафари ҳайате аз тоҷирон ва бозаргонони Хуросон ҳамроҳи раиси ҷумҳур ба Тоҷикистон изҳор кард: Дар сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба кишвари Тоҷикистон, ҳайате аз тоҷирон ва бозаргонони эронӣ ба манзури музокироти дуҷониба бо фаъолони иқтисодии Тоҷикистон ба ин кишвар сафар карданд ва рӯйдоди фавқ бо ҳузури раисони ҷумҳури ду кишвар баргузор шуд.
Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ ба таомулоти иқтисодии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон пардохт ва афзуд: Беш аз 60 дарсади содироти Эрон ба Тоҷикистон аз тарафи Хуросони разавӣ анҷом мешавад ва ин мавзӯъ барои устони мо дорои аҳамият аст.
Вай дар идома ба дурнамои тиҷорӣ миёни ду кишвар ишора кард ва афзуд: Сатҳи табодулоти ду кишвар дар тафоҳумномае,ки соли қабл ба имзои раисони ҷумҳури ду кишвар расида буд, бояд ба 500 миллион доллар мерасид, ки ҳамакунун дар нуқтаи 250 миллион доллар қарор дорад.
Чамандӣ идома дод: Пешбиниҳо ин тавр аст, ки бо рафтуомадҳои сиёсӣ, эҳтимоми раёсати ҷумҳурии Эрон ва пурранг шудани масоили иқтисодии байни ду кишвар ба адади ҳадафгузоришуда дар табодулоти иқтисодӣ бирасем.
Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ хабар дод: Лағви раводид яке аз муҳимтарин хостаҳои фаъолони иқтисодии ду кишвар буд, ки тайи ин сафар перомуни он санаде байни ду раиси ҷумҳур Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд.