Ноябр 11, 2023 17:29 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва гуфтугӯи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо амири Қатар+ видео

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо амири Қатар дар ҳошияи нишасти изтирории Созмони ҳамкории исломӣ дидору гуфтугӯ кард.

Саидиброҳими Раисӣ имрӯз (шанбе) дар ҳошияи нишасти изтирории Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Риёз бо Тамим бин Ҳамад бин Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар дидор кард.

Сафари олитарин мақоми иҷроии кишвар ба Арабистон, пас аз 11 солу чандинмоҳ пас аз бозгушоии сафоратхонаҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Ба гузориши ИРНА, раисиҷумҳури Эрон дар посух ба амири Қатар, ки аз ӯ аҳволпурсӣ кард, гуфт: “бо авзоъи Ғазза ҳоле барои уммати исломӣ, боқӣ намондааст”.

Раисӣ пеш аз азимат ба Арабистони Саудӣ ва ҳузур дар иҷлоси сарони кишварҳои исломӣ, асоси ташкили ин созмонро ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин донист ва гуфт, ин нишасти изтирорӣ бо мавзӯи Фаластин аст, Эрон барои ташкили ин нишасти изтирорӣ аз як моҳ қабл дархост дода буд, ки ҳар бор бино ба далоиле ин нишаст ташкил намешуд.

 

Барчасп