Ҳимоят аз таҳсили духтарони донишҷуи Ғазза дар Эрон
(last modified Tue, 14 Nov 2023 08:38:55 GMT )
Ноябр 14, 2023 13:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз таҳсили духтарони донишҷуи Ғазза дар Эрон

Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва хонавода бо ҳимоят аз таҳсили духтарони донишҷуи Ғазза дар Эрон гуфт, дар марҳилаи нахуст 3 нафар аз донишҷуёни духтари Ғазза дар донишгоҳи Буалӣ Синои Ҳамадон дар ҳаракати намодин бурсия(квота) мешаванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Инсия Хазалӣ-муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури занон ва хонавода дар нахустин нишасти байналамиллалии “ Зани эронӣ, меъморони тамаддунсозӣ дар наҳзати тарҷумаи "Ҷиҳоди табйин дар улгуи севум" дар донишгоҳи Буалии Ҳамадон афзуд, пазириши донишҷуёни духтари хориҷӣ дар донишгоҳҳои Эрон метавонад бо ҳадафи интиқоли фарҳанги эронӣ-исломӣ ба дигар кишварҳо асарбахш бошад.

Хазалӣ бо маҳкум кардани куштори занон ва кӯдакони фаластинӣ дар борикаи Ғазза аз сӯи режими саҳюнистӣ гуфт, дар муқобили чунин ҷиноёте ҳеҷ иқдоми амалӣ аз касоне, ки муддаиёни ҳуқуқи башар ва занон ҳастанд ба чашм намехурад.