Раҳбари муаззами инқилоб: Пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i109104-Раҳбари_муаззами_инқилоб_Пойгоҳи_фикрии_мустаҳкам_бо_ороиши_таҳоҷумӣ_ниёзи_имрӯз_аст
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси байналмилалии Аллома Таботабоӣ таъкид карданд, пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 15, 2023 12:31 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси байналмилалии Аллома Таботабоӣ таъкид карданд, пойгоҳи фикрии мустаҳкам бо ороиши таҳоҷумӣ, ниёзи имрӯз аст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, матни баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори дастандаркорони баргузории Конгресси байналмилалии Аллома Таботабоӣ, ки дар таърихи ҳаштуми ноябри 2023 баргузор шуда буд, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар маҳали баргузории ҳамоиш дар Қум мунташир шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, марҳӯм Алломаро падидае камназир дар ҳавзаҳои илмия дар қарнҳои ахир хонданд ва гуфтанд, яке аз корҳои муҳими оятуллоҳ Саидмуҳаммад Ҳусайни Таботабоӣ дар буҳбуҳаи таҳоҷуми андешаҳои воридотӣ ва бегона, ҷиҳоди фикрӣ ва ташкили як пойгоҳи фикрии мустаҳкам ва бо ороиши таҳоҷумӣ буд, коре, ки имрӯз ба он ниёз дорем.