Ноябр 16, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Заминасозии баргузории интихоботи пуршӯр вазифаи ҳама аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар заминасозӣ барои баргузории интихоботи пуршӯр таъкид карданд.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори фақеҳон ва ҳуқуқдонони Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон, бо қадрдонӣ аз заҳматҳо ва талошҳои ин Шӯро, нукотеро дар хусуси вазоифи қонунии Шӯрои нигаҳбон баён ва таъкид карданд: Ҳама вазифа доранд заминаи баргузории интихоботи пуршӯри имсолро фароҳам кунанд.

 Дувоздаҳумин давраи интихоботи Маҷлиси шӯрои исломии Эрон ва шашумин давраи интихоботи Хубрагони раҳбарӣ якуми марти 2024 баргузор мешавад.

 

Барчасп