Ноябр 19, 2023 09:48 Asia/Dushanbe
  • Табрики фаро расидани солрузи валодати ҳазрати Зайнаб(с)
    Табрики фаро расидани солрузи валодати ҳазрати Зайнаб(с)

Имруз якшанбе 19 ноябри 2023 баробар бо панҷуми ҷамодулаввалии соли 1445 ҳиҷрии қамарӣ солрузи валодати ҳазрати Зайнаби Кубро(с) аст.

Ҳазрати Зайнаб(с) ба унвони улгуи усва барои тамомии занону мардони озодихоҳу зулми ситез дар ҳамаи замонҳо матраҳ аст.

Эшон дар канори бародари бузургворашон ҳазрати имом Ҳусейн(а) имоми севуми шиъаёни ҷаҳон бо ҷараёни мутаҳаҷҷиру мунҳарифи мубориза мекарданд, ки ба исми дифо аз ислом, фоҷеъае бузурги Карбалоро ба вуҷуд овараданд.

Ҳазрати Зайнаб(с) як зани мутаъаллиқ ба дируз, имруз ва фардо аст чаро ки каромати инсон, бандагии Худо ، адолатхоҳи ва шарофату озодагӣ, арзишҳое аст ки ба як давраи хос ё ҷомеъаи хос мутаъаллиқ нест.

Ҳазрати Зайнаби Кубро(с) ҳар рӯзи вуҷудаш аз меҳру маърифати Расули гиромии Ислом(с) ҷони тоза мегирифт ва аз илму балоғати падари гиромияшон ҳазрати имом Алӣ (ъ) имоми аввали шиъёни ҷаҳони баҳраи ҷусту руҳаш дар домони пурутуфати модари бузургворашон ҳазрати Фотима(с) ба соҳил оромиш расид.

Ишон пас аз шаҳодати ҳазрати имоми Ҳусейн(а) худро муваззаф ба ҳифзи ҷони имоми Саҷҷод(а) имоми чаҳоруми шиъёни ҷаҳон медиданд ба ҳамин сабаб дар сахттарин шароит дар баробари ҷинояткорон ва ситамгарон истоданду душодуши он ҳазрат бо суханони кубандаи душманони исломро расво карданд.

Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон солрузи валодати ҳазрати Зайнаб саломуллоҳ алайҳо рузи парастор номгузори шудааст.

Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фарорсидани солрузи валодати ҳазрати Зайнаби Кубро(с) бонуии қаҳрамони Исломро ба ҳамаи мусулмонон ба вижаи шиъён табрик мегуяд.

Барчасп