Рекордшикании намояндаи Эрон дар пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳон
(last modified Mon, 20 Nov 2023 05:28:59 GMT )
Ноябр 20, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Рекордшикании намояндаи Эрон дар пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳон
    Рекордшикании намояндаи Эрон дар пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳон

Намояндаи Эрон дар пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳон ҳар 3 рекорди як зарб, ду зарб ва маҷмӯи навҷавонони Осиё дар дастаи 81 килограми пайкорҳои вазнабардории ҷавонони ҷаҳонро ба номи худ иртиқо дод.

Рақобатҳои вазнабардорӣ қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон аз 15 ноябр дар шаҳри Гуодалаҷараи  Мексика оғоз шудааст.

Дар ин давра аз рақобатҳо 229 варзишкори духтару писар аз 48 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд. Ба гузориши Ирно, пайкорҳои вазнабардории қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон асри рӯзи душанбе бо рақобат « Абдуллоҳ Биронванд » дорандаи нишони бринҷии қаҳрамонии Осиё ва « Элиё  Солеҳипӯр » дорандаи медоли нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар дастаи 81 килограм пайгирӣ шуд .

Дар поёни рақобатҳои дастаи 81 килограм « Элиё Солеҳипӯр » ҳар 3 рекорди як зарб, дузарб ва  маҷмӯи навҷавонони Осиё дар дастаи 81 килограм пайкорҳои вазна бардориии ҷавонони ҷаҳонро ба номи худ иртиқо дод.

Рекордҳои қаблии навҷавонони Осиё дар дастаи 81 килограм бо 147 килограм дар як зарб, 181 килограм дар ду зарб ва 328 килограм дар маҷмӯ дар ихтиёри « Алиризои Аббоспӯр » дигар намояндаи Эрон буд, аммо Солеҳипӯр як килограм дар як зарб, 2 килограм дар ду зарб ва 3 килограм дар маҷмӯи ин рекордҳоро ба ном иртиқо дод.

Бештар бихонед: