Ноябр 22, 2023 21:27 Asia/Dushanbe
  • Тими ситорашиносии Эрон 6 медали тилло касб кард
    Тими ситорашиносии Эрон 6 медали тилло касб кард

Тими олимпиадаи ситорашиносии Эрон бо касби 6 медали тилло дар дуюмин олимпиадаи ситорашиносӣ дар кишвари Русия унвони дувуми ин олимпиадаро аз они худ кард.

Дуюмин олимпиадаи ситорашиносӣ бо мизбонии Русия ба сурати ҳузуриву онлайн аз 13 то 21 ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд. Бунёнгузори ин мусобиқот кишвари Русия аст.

Аъзои тими олимпиадаи ситорашиносии Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳаннона Хуррами Даштӣ, Ориё Фотеҳи Кирдорӣ, Ашкони Фаррухи Зодӣ, Ёсумани Фаррухӣ, Муҳаммадмаҳдии Кишоварзӣ ва Алӣ Нодирии Лордҷонӣ буданд, ки ҳар 6 нафар муваффақ шуданд медали тиллои ин давра аз олимпиадаро дарёфт кунанд.

 

Барчасп