Ноябр 24, 2023 21:26 Asia/Dushanbe
  • Тими миллии вазнабардории ҷавонони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Мексика қаҳрамон шуд
    Тими миллии вазнабардории ҷавонони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Мексика қаҳрамон шуд

Тими миллии вазнабардории ҷавонони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Мексика қаҳрамон шуд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории “Форс”, дар поёни рақобатҳои қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон дар дастаи 109 + килограм, Алиризо Юсуфӣ бо маҷмуи 420 килограм ба медали тилло расид.

Дар ин даста Тоҳо Неъматимуқаддам, дигар намояндаи Эрон бо рекорди 381 килограм ба медали нуқра расид.

Алиризо Юсуфӣ бо қаҳрамонӣ дар рақобатҳои ҷаҳонии Мексика, дар канори Каёнуши Рустамӣ ва Саиди Муҳаммадпур, бо ду унвони қаҳрамонии ҷавонони ҷаҳон таърихсоз шуд.

Дар поёни ин рақобатҳо тими миллии вазнабардории ҷавонони Эрон бо 660 имтиёзи тимӣ ва касби 5 тилло, 9 нуқра ва 1 бронз  қаҳрамони рақобатҳои ҷаҳонии 2023 дар Мексика шуд.

Мусобиқоти ҷаҳонии вазнабардории Мексика

 

Тими миллии вазнабардории ҷавонон барои панҷумин бор дар таърих қаҳрамони ҷаҳон шуд.

 

Барчасп