Январ 01, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон аз барқарории оташбас дар Сурия истиқбол мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин, ки Теҳрон аз барқарории оташбас дар Сурия истиқбол мекунад, таъкид кард, бояд муроқиб буд, то дар даврони оташбас фурсате барои тақвияти террористҳо ба вуҷуд наояд.

Оташбас дар Сурия аз бомдоди рӯзи ҷумъа дар ин кишвар шуруъ шудааст. Ин оташбас, гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра ва гурӯҳакҳои вобаста ба ононро дарбар намегирад. 

Ҳасани Рӯҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри шанбе дар дидор Валид Муаллим, вазири умури хориҷаи Сурия дар Теҳрон бо табрики пирӯзиҳои давлат, артиш ва мардуми муқовими Сурия дар мубориза бо терроризм ба вижа дар Ҳалаб, гуфт, пирӯзии Ҳалаб ин паёмро барои террористҳо ба ҳамроҳ дошт, роҳи ғалате, ки бо ҷиноят ва хунрезӣ интихоб кардаанд, ҳаргиз муваффақ нахоҳанд буд.

Рӯҳонӣ бо баёни ин, ки пас аз пирӯзии Ҳалаб шароити хубе барои анҷоми иқдомоти майдонии зидди террористҳо ва фаъолияти сиёсӣ барои бозгардондани субот ва амният ба Сурия фароҳам шудааст, ибрози умедворӣ кард, иқдомоти ояндаи барои ҳалли буҳрони Сурия ва музокироти сулҳ, ба ҳокимияти Димишқ бар кулли Сурия, барқарории амният барои мардум ва ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар мунҷар шавад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, Эрон дар майдони муқовамат ва арсаҳои мухталифи сиёсӣ ҳамвора дар канори миллати Сурия будааст ва дар оянда низ ба ин ҳимояти худ идома медиҳад ва дар ниҳоят миллати Сурия пирӯз хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Сурия низ дар ин дидор бо иблоғи паёми қадрдонӣ ва саломи Башор Асад, раисиҷумҳури ин кишвар ба давлат ва миллати Эрон, гуфт, ҳеҷ шаке нест, ки ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсири басазое дар тақвияти рӯҳияи муқовамати миллати Сурия дар баробар террористҳо дошта ва хоҳад дошт.

 

Барчасп