Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
13 ҷамоди-ул -аввали 1445 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 27 ноябри 2023 ба ривояте солрӯзи шаҳодати ҳазртаи Фотимаи Заҳро (с) духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари гиромии Ислом ва ҳамсари амиралмуъминин Алӣ ибни Абутолиб (а) Имоми аввали шиъаёни ҷаҳон аст.
Иродатмандони аҳлубайт ва исмату таҳорат (а) бо ҳузӯр дар масҷид, ҳусайнияҳо, амокини мазҳабӣ ва ҳамчунин боргоҳи малакутии ҳазрати Имом Ризо (а) дар Машҳади Муқаддас (шимолу шарқи Эрон ) ва ҳазрати Маъсума (с) дар шаҳри Қум ( ҷануби Теҳрон) дар оини сугвории шаҳодати мазлумонаи духтари Набии Акрам (с) ширакат мекунанад.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) дар бистуми ҷамоди-ул-сонии соли панҷуми Беъсат дар Маккаи Мукаррама ба дунё омаданд. Ҳазарти Заҳро (с) аз кӯдаки таҳти роҳнамоиҳои падарашон Паёмбари Акрам (с) , бо маъорифи олии Иллоҳи ошно шуданд. Ишон аз ҷумлаи хавоси даргоҳи Худованд буданд, ки аз сарчашмаи улуми Иллоҳӣ баҳраи фаровоне доштанд.
Духтари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с) дар саросари зиндагии худ, саховат,исор, гузашт, сабр, қаноъат, ибодати Парвардигор ва кумак ба зердастонро ба зеботарин шакли мумкин ҷилвагар сохтанд ва инсонҳои бузург ва таърихсозе ҳамчун Имом Ҳасан (а) ва Имом Ҳусайн (а) дар домони ӯ парвариш ёфтанд.
Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) пас аз 18 сол зиндагӣ бар асари зулмҳои фаровони ҳокимони вақт ва ранҷу ғами реҳлати падарашон ҳазрати Муҳаммад (с)ба ривояте дар 13 ҷамоди-ул-аввал ва ба ривояте дар саввуми ҷамоди-ул-сонии соли 11 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат расиданд.
Радио тоҷикии Садои Хуросон фарорасидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.