Ноябр 27, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани новшикани эронии Дилмон ба Новгони шимоли нерӯҳои дарёи артиши Эрон
    Пайвастани новшикани эронии Дилмон ба Новгони шимоли нерӯҳои дарёи артиши Эрон

Новшикани эронии Деламон дар маросими расмӣ дар Бандари Анзалӣ ба новгони шимоли нерӯҳои дарёи артиши Эрон пайваст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Деламон, панҷумин фарванде аз новшиканҳои пружаи мавҷ ва аз килоси Ҷаморон аст, ки тавассути нерӯҳои  дарёии роҳбӯрдии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон тарроҳӣ ва таҳти назорати ин нерӯ, дар маҷмуъаи саноъеи дарёӣ сохта шуда ва аз имрӯз ба новгони шимоли нерӯи дарёии роҳбӯрдии артиш мулҳақ шуд.

Ин новшикани тамом эронӣ муҷҷаҳаз ба анвоъи таҷҳизот ва сомонаҳои дифоӣ ва размӣ сохта шуда дар дохили кишвар аст ва иловабар қобилияти дарёнавардии тӯлонӣ, тавоноии ҷустуҷӯ, кашф, шиносоӣ, расад, муқобила дар сурати ниёзи инҳидоми  ҳаргуна таҳдиди ҳавоӣ, сатҳи ва зери сатҳиро дорост.

Парвоз бо қобилияти нишаст ва бархости болгард аз вижагиҳои муҳими амалиёти новшикани Деламон аст. Дар маросими ба об андохтани  ин новшикан дар Бандари Анзалӣ ва илҳоқи он новгони шимол ва минтақаи чаҳоруми нерӯи дарёии артиши Эрон, Сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ раиси кулли Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи нерӯӣ дарёии артиш ва дигар мақомоти лашкарӣ ва кившарӣ ҳузӯр доштанд.