Гуфтугуи намояндагони Эрон ва Ҳинд дар бораи бандари Чобаҳор
Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон ва мудири кули минтақае Вазорати хориҷаи Ҳинд дар бораи нақши бандари Чобаҳор дар рушди муносиботи иқтисодӣ бо Афғонистон гуфтугу карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳасани Козимии Қумӣ намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури Афғонистон дар твити навишт дар дидори Ҷи Пи Синг мудири кули минтақаи Вазорати хориҷаи Ҳинд илова бар гуфтугу дар бораи нақши бандари Чобаҳор дар рушди муносиботи иқтисодӣ бо Афғонистон бар шаклгирии гуруҳи тамоси минтақаӣ дар пешбурди мавзуъоти сиёсӣ ва иқтисодӣ бо ҳадафи эҷоди субот ва созандагӣ дар ин кишвар низ таъкид шуд.
Бандари Чобаҳори наздиктарин масир ба обҳои озод барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон маҳсуб мешавад.
Бандари Чобаҳор дар муқоиса бо Бандараббос ва бандари Карочӣ ба тартиби 90 километр ва 700 километр ба маркази Афғонистон наздиктар аст ва ин фурсатро барои тоҷирони афғон фароҳам мекунад ки колоҳои худро зудтар ба бозорҳои ҳадаф содир кунанд.