Густариши ҳамкорӣ, меҳвари дидори сафири Эрон ва муовини вазири хориҷаи Русия
(last modified Wed, 29 Nov 2023 06:09:48 GMT )
Ноябр 29, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкорӣ, меҳвари дидори сафири Эрон ва муовини вазири хориҷаи Русия

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия бар густариши ҳамкорӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид карданд.

Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба бавижа равобити иқтисодӣ, низомӣ, амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико, иштироки манофеи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики дутараф дар солҳои ахир будааст.

Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав дар дидори Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия аз мавозеъи усулӣ ва ҳимояти Маскав аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ташаккур кард.

Рябков низ бо ибрози хурсандӣ аз узвияти Эрон дар БРИКС, ҳамкориҳои ду кишварро дар ҳамаи арсаҳо рӯ ба тавсеа хонд ва аз Эрон хост, ки дар барномаҳои соли ояндаи гуруҳи БРИКС, нақши фаъоле ифо кунад.

Гуруҳи БРИКС, бо ҳамкории панҷ қудрати иқтисодӣ дар ҳоли зуҳури ҷаҳон Бразилия, Русия, Чин, Ҳинд ва Африқои Ҷанубӣ бо ҳадафи муқобила бо якҷонибагароии Амрико шакл гирифт.