Ноябр 30, 2023 13:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар бекайфар намондани режими саҳюнистӣ
    Таъкиди вазири умури хориҷаи Эрон бар бекайфар намондани режими саҳюнистӣ

Вазири умури хориҷаи Эрон бар масъӯлияти ниҳодҳои байналмилалӣ дар бекайфар намондан режими ишғолгари саҳюнистӣ таъкид кард.

Ба гузориши Ирно, «Ҳусайн Амирабдуллоҳён» вазири умури хориҷаи Эрон чаҳоршанбе шаб дар нома ба  Дабири кулли иттиҳодияи миллатҳои ҷануб ва  шарқи Осиё ( Асеан ) бо ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ тайи ҳафтаҳои гузашта аз ҷумла дар ба шаҳодат расондани беш аз 15 ҳазор фаластинӣ, тахриби зерсохтҳои ҳаётӣ ва  амокини умумӣ, истифода аз таслиҳоти мамнӯъа ва  таҳдид ба корбурди силоҳи ҳастаии зидди мардуми Фаластин дар Борикаҳи Ғазза, бар масъӯлияти ниҳодҳои байналмилалӣ дар бекайфар намондан режими ишғолгар таъкӣд кард .

 

Амирабдуллоҳён ҳамчунин дар номае ба  дабири кулли Созмони Паймони Амнияти ҷамъӣ бо ишора ба чанд даҳаи ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар заминаи нақзи фоҳиши ҳақи таъйини сарнавишти фаластиниҳо,  ба амали бархе бозигарон ва ниҳодҳои байналмилалӣ ва бекайфармонии режими ишғолгарро заминасози тадовуми ҷиноёти ин режим таии ҳафтаҳои гузашта баршумурд. Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон аз Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти ҷамъи хост то гомҳои муассиртаре дар ҷиҳати таваққуфи доимии ҳамалоти режими ишғолгар ба Борикаи Ғазза,  рафъи комили муҳосира ва  поёни ишғолии ин минтақа бардошта шавад.  Амирабдуллоҳён ҳамчунин дар номае ба « Мӯсои факӣ » раиси камиссиюни иттиҳодияи Африқо ، аз мавозиъ ӯ дар маҳкӯмияти бомбаборони бемористони Алмъамдонии тавассути режими саҳюнистӣ ва  дархости таваққуфи ҳамалот ва  ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми мазлӯми Фаластин қадрдонӣ кард.

 

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба масъӯлиятҳои ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҷилавгирӣ аз ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ ، аз раиси камиссиюни иттиҳодияи Африқои хост бо тавваҷуҳ ба шароити Ғазза, гомҳои муассиртаре дар заминаи таваққуфи доимии ҳамалоти режими ишғолгар ба Борикаи Ғазза, рафъи комили муҳосира ва  поёни ишғол бардошта шавад.

 

Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон дар номае ба « Фликси Плоснсё » Дабири кулли Иттиҳодияи Олбо аз ин Созмони минтақаӣ барои иттихози мавозеъи шаффоф дар заминаи таваққуфи кӯштор дар Ғазза ва  зарурати эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ ва  ҳуқуқии башардӯстонаи байналмилалӣ қадрдонӣ кард .

Барчасп