Муовини ҳамоҳангкунандаи Артиш : Амрико ҷуръати иқдоми низомӣ зидди Эронро надорад
(last modified Thu, 30 Nov 2023 12:35:09 GMT )
Ноябр 30, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • Муовини ҳамоҳангкунандаи Артиш : Амрико ҷуръати иқдоми низомӣ зидди Эронро надорад

Раиси ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки Амрико ҷуръати иқдоми низомӣ зидди Эронро надорад, гуфт: Артиши Эрон ҳеҷ гоҳ иҷозаи таҷовузро намедиҳд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ дар оини рӯнамоӣ аз мустанади "Дарёдил" дар Шероз, маркази устони Форс, ҷануби Эрон, афзуд: Инқилоби исломӣ аз ибтидо зидди истикбор буда ва Амрико аз замони ихроҷ аз Эрон то кунун ба шеваҳои террор, ҷанг, таҳдид ва таҳрим зидди Эрон иқдом кардааст.

 Раиси ситод ва муовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баён инки Инқилоби исломӣ мунҷар ба шикасти қудрати истикбори ҷаҳонӣ дар дунё шуд, эҷоди пойгоҳҳои низомии ҳавоӣ ва дарёии Амрико дар минтақаро вобаста ба қудрати Эрон хонд ва гуфт: Агар Амрико ва муттаҳидонаш то кунун зидди Эрон иқдоме накардаанд, барои ин аст, ки ҷуръати онро надоранд ва таҷрибаи дифоъи муқаддас ба онҳо нишон додааст, ки мардуми Эрон монанди дигар нуқоти дунё нестанд, ки иҷозаи таҷовуз ба кишваршонро бидиҳанд.

Сайёрӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар сарзаминҳои ишғолӣ афзуд: Пеш аз амалиёти "Туфон-ул-Ақсо" масъалаи Фаластин дар остонаи фаромӯшӣ ё табдил шудан ба масъалае маъмулӣ дар Ховари миёна буд, аммо пас аз он ба садри мавзӯъоти ҷаҳон омад.