Декабр 01, 2023 18:37 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба унвони нойибраиси ОПЕК барои соли 2024 интихоб шуд
    Эрон ба унвони нойибраиси ОПЕК барои соли 2024 интихоб шуд

Дар поёни садуҳаштодуҳафтумин нишасти Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) Эрон ба унвони нойибраиси ОПЕК барои соли 2024 интихоб шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”,187-умин нишасти ОПЕК дар ҳоле имрӯз - ҷумъа ба кори худ поён дод, ки Эрон ба унвони нойибраиси конфронси ОПЕК барои соли 2024 интихоб шуд.

Мутобиқи асосномаи ОПЕК дар сурати набуди ҳузури раиси нишаст (вазири нафти Габон) дар нишастҳои вазоратии ОПЕК, нойибраиси идора нишастҳоро ба ӯҳда мегирад.

Гумоназаниҳо дар бораи натиҷаи нишасти вазирони нафту энержии ОПЕК + бо ҳузури 23 узви ин эътилоф ҳикоят аз эҳтимоли коҳиши арзаи беш аз як миллионбушкаӣ дорад.

 

Барчасп