Декабр 02, 2023 18:56 Asia/Dushanbe
  • Ҷонишини нерӯи дарёии артиш: Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тарози қудратҳои ҷаҳон аст

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ин нерӯ дар заминаи сохти таҷҳизоту мӯшак, сомонаҳои ҷанги электронӣ ва сомонаҳои иттилоотӣ ва ғайра ба марзи худкафоӣ расида ва дар тарози қудратҳои ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, адмирал Ҳамза Алӣ Ковиёнӣ, рӯзи шанбе дар дуюмин ҳамоиши ёди ёрон (ойини такриму таҷлил аз аъзои вобастаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон) дар устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон)-и нерӯи дарёии артиш Ҷумҳурии Исломии Эронро як неруии дарёии ҷомеъ донисту афзуд, нерӯи дарёӣ бо таҷҳизоти сохти дохил ва бо неруҳои омӯзиш дидаи дохили ва бӯмӣ дар гушаву канори дунё маъмурият анҷом медиҳаду авҷи он маъмурияти новгурӯҳи 86 буд, ки дар даври кураи замин ифтихор офарид.

Вай гуфт, имрӯз неруӯи дарёӣ ба баракати Инқилоби Исломӣ ва ҳиммату иродаи ҷавонон дар заминаи сохти таҷҳизоту мӯшак ва сохти аждар, сомонаҳои ҷанги электронӣ, сомонаҳои иттилоотӣ, шиносоӣ, радарӣ ва ғайра ба марзи худкафоӣ расидааст.

Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ин тавонмандиро дорад то бо баҳрагирӣ аз таҷҳизоту силоҳҳои пешрафтаи ҳавзаи разми дарёӣ, ҳузуре муқтадирона дар ҳифзи амният аз каронаҳои Халиҷи Форсу дарёии Уммон то Уқёнуси Ҳинд ва Уқёнуси Атлас ва дар ҳар нуқтае, ки дар обҳои байналмилалӣ ниёз ба амниятсозӣ бошад, ҳузур ёбад.

 

Барчасп