Декабр 05, 2023 09:58 Asia/Dushanbe
  • Сардор Шуҷоъ: Атбои кишварҳои хориҷӣ фақат аз тариқи мабодии расмӣ ва қонунӣ метавонанд вориди Эрон шаванд
    Сардор Шуҷоъ: Атбои кишварҳои хориҷӣ фақат аз тариқи мабодии расмӣ ва қонунӣ метавонанд вориди Эрон шаванд

Фармондеҳи марзбонии устони Хуросони Разавӣ, дар шимоли шарқи Эрон гуфт, дар панҷ рӯзи гузашта 16 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ аз Эрон ба кишварашон бозгаштаанд.

Сардори сартип Маҷиди Шуҷоъ, фармондеҳи марзбонии устони Хуросони Разавӣ афзуд, дар ростои бархӯрд бо паноҳҷӯёни ғайриқонунӣ 16 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ шиносоӣ ва тавассути марзбонони Машҳад аз тариқи марзи Дуғорун дар Исломқалъаи Ҳирот таҳвили марзбонони афғон шудаанд.

Ба гуфтаи сардор Шуҷоъ, атбои кишварҳои хориҷӣ фақат аз тариқи мабодии расмӣ ва қонунӣ метавонанд вориди Эрон шаванд, дар ғайри ин сурат бо онҳо бархӯрди қотеъ сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, марзбонони ҳонги марзии Тойбод ҳафтаи гузашта 24 ҳазору 884 нафар аз атбои кишвари Афғонистонро, ки ба сурати ғайримуҷоз дар дохили хоки Эрон ҳузур доштанд, дар нуқтаи сифри марзӣ дар ҳангоми вуруд дастгир карданду таҳвили намояндаи кишвари Афғонистон дар минтақаи Дуғорун доданд.

Ҷумҳурии исломии Эрон беш аз чиҳил сол аст, ки мизбони муҳоҷирони афғонистонӣ буда ва акнун дастикам 5 миллион нафар аз онон дар Эрон ба сар мебаранд ва аз имконоти мавҷуд дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчун шаҳрвандони эронӣ баҳраманд ҳастанд.

Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва рӯи кор омадани ҳукумати муваққати Толибон низ сабаб шуд, ки мавҷи ҷадиде аз атбои афғонистонӣ ба самти Эрон роҳӣ шаванд ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои золимона ва бидуни кумакҳои байналмилалӣ ҳеҷ монее барои вуруди онон эҷод накард ва мизбони шоиста барои ин муҳоҷирон будааст.

 

Барчасп