Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири кишоварзии Тоҷикистон
Алиризо Ҳақиқиён, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 14 озармоҳ бо Ҳакимзода Қурбон, вазири кишоварзии Тоҷикистон мулоқот кард.
Дар ин дидор ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифи кишоварзӣ ва домпарварӣ ва ҳамчунин омӯзишу таҳқиқот мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор гирифт.
Вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни ибрози ризоият аз рушди ҳамкориҳо, хостори сармоягузории ширкатҳои эронӣ ва тоҷикӣ дар сохти корхонаҳои муштараки саноеи ғизоӣ ва фароварии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон шуд.
Ҳақиқиён бо ишора ба раванди рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар, иштирокоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангиро омили муҳим дар густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни ду кишвар донист ва омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати таъмини таҷҳизоти кишоварзӣ, самуми дафъи офот, ваксина ва доруҳои чорво ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар бахши омузишӣ ва таҳқиқотӣ бо Тоҷикистонро эълом кард.