Декабр 06, 2023 22:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷашни Сада бо гузашти сад рӯз аз зимистон (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) ҷашн гирифта мешуд
    Ҷашни Сада бо гузашти сад рӯз аз зимистон (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) ҷашн гирифта мешуд

Ҷашни Сада ба унвони бистучаҳорумин унсури мероси фарҳангии номалмуси Эрон ва дар парвандае муштарак ба номи Эрону Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии мероси номалмуси ЮНЕСКО сабти ҷаҳонӣ шуд.

Парвандаи ҷашни Сада имрӯз дар парвандае муштарак ба номи Эрону Тоҷикистон дар ҳаждаҳумин ҷаласаи кумитаи байнидавлатии ҳифозат аз мероси фарҳангии номалмус, ки дар шаҳри Касане, ҷумҳурии Ботсвана (кишваре дар Африқои Ҷанубӣ) баргузор шуд, баррасӣ ва бо тасвиби аъзои кумита ба унвони бистучаҳорумин унсури мероси фарҳангии номалмуси Эрон ва Тоҷикистон дар феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шуд .

Ҷашни Сада ба шумораи 2067 дар 19 январи 2020 дар феҳристи миллии Эрон сабт шуд ва вазири вақти мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастӣ дар бахшномае дастури посдошту зиндагардонии ин куҳанойинро ба устондорони кишвар эълом кард. Парвандаи ҷашни Сада низ дар соли 1399 дар феҳристи резерви ЮНЕСКО қарор гирифта буд.

Ҷашни Сада ҷашне эронӣ аз ойинҳои муҳими Эрони бостон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳман баргузор мешавад. Ин ҷашн беш аз ҳазорон сол қидмат дорад (аз замони пайдоиши оташ) ва аз куҳантарин ҷашнҳои эронӣ ба шумор меравад. Сада ба унвони як мероси ориёӣ аст ва аъзои ҷавомеъро бидуни тавваҷуҳ ба син, ҷинсияту мавқеияти иҷтимоӣ гирдиҳам меоварад.

Дар ин ойин оташ ба ҳамроҳи об, бод ва хок аз аносири муқаддас ба шумор меравад, ки дар бисёре аз ҷашнҳои эрониён нақши корбурдӣ доштааст. Эрониёни бостон муътақид буданд, оташе ки дар ин рӯз афрӯхта мешавад, намоду нишонаи гарм шудани замину омода шудан барои вуруд ба фасли баҳор аст.

Ҳаждаҳумин ҷаласаи кумитаи байнидавлатии Посдорӣ аз мероси фарҳангии номалмус аз 4 то 9 декабри соли равон дар шаҳри Касани ҷумҳурии Ботсвана баргузор шуд.

Тоҷикон бар ин боваранд, ки ҷашни Сада дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт.

 

Барчасп