Қолибоф: Муқовимат ба қаблу баъд аз Туфони алақсо тақсим мешавад
(last modified Sun, 10 Dec 2023 08:15:42 GMT )
Декабр 10, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: Муқовимат ба қаблу баъд аз Туфони алақсо тақсим мешавад
    Қолибоф: Муқовимат ба қаблу баъд аз Туфони алақсо тақсим мешавад

Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон дар дидори нахуствазири Сурия натиҷаи амалиёти Туфони алақсоро нуқтаи атфи барои ҷабҳаи муқовимат дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ донист.

Ба гузориши ИРНА, Муҳамадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломии Эрон дар дидори Ҳусейн Арнуси нахуствазири Сурия дар Теҳрон гуфт давраи кунунии ҷабҳаи муқовимат дар ҳавзаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва роҳбурди ба қабл ва баъд аз амалиёти Туфони алақсо тақсим мешавад ва ин фориғ аз иттифоқоти аст ки ҳамакнун дар Ғазза меафтад.

Раиси маҷлиси шурои исломии Эрон ҳамчунин зимни ибрози хурсанди аз пайвастани муҷаддади Сурия ба иттиҳодияи араби афзуд имруз аврупоиҳо ва амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд ки миллат ва давлати Сурия бисёр мустаҳкам ҳастанд ва бояд тавваҷуҳ дошт ки ин тасаввуре ки Амрикоеҳо ба кишварҳои арабӣ барои тавсеа кумак хоҳанд кард хаёлӣ ботил аст ки бояд аз таҷрибиёти мавҷуд дар ин замина дарс гирифт.

Қолибоф бо баёни инки равобити миёни Эрон ва Сурия бисёр амиқ ва бародарона аст иброз умедвори кард ин мулоқотҳо миёни масъулони Эрон ва Сурия ба таъомулоти тиҷорӣ, сиёсӣ ва амниятӣ кумак кунад.

Ҳусейни Арнус низ дар ин дидор бо баёни ин ки ду кишвар тавонистанд дар ин чанд моҳ баъд аз сафари раиси Ҷумҳурии Эрон ба Сурия бисёри аз масоили миёни ду кишварро бо суръати бештарии пеши бибаранд изҳор кард сохти банки муштарак, истифода аз арзи дохилии Сурия ва Эрон барои анҷоми табодулоти тиҷорӣ, ҳамкориҳои банкҳои марказии ду кишвар ва расондани тарофаҳои гумрукӣ ба сифр аз ҷумла мавориди аст ки дар ҷараёни ин дидорҳо мавриди тавофуқ қарор гирифт.

Арнус, фишорҳое ки ҳамчунон аз суи Амрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ ба Сурия ворид мешавад ношӣ аз бозгашти ин кишвар ба иттиҳодия араб донист ва таъкид кард бояд собит қадам дар масири худ буд ва ин бовари якояки миллат Сурия аст.