Декабр 10, 2023 16:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Камисияи муштараки Эрон ва Қатар фурсати барои тиҷорати ғайри нефтӣ
    Таҳлил: Камисияи муштараки Эрон ва Қатар фурсати барои тиҷорати ғайри нефтӣ

Нуҳумин камисиям ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатари имрӯз шанбе ба раёсат Алиакбари Меҳробён вазири неруии Эрон ва шайх Муҳамад бин Ҳамд бен Қосим Алабдуллоҳ оли Сонӣ вазири санъат ва тиҷорати Қатар дар Теҳрони кори худро оғоз кард.

Камисяи ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатар ба сурати солиёна барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва таъомули созандаи ду кишвари Эрон ва Қатар баргузор мешавад.

Ин камися дар қолаби чаҳор кумитаи тахассусии шомили кумитаи тиҷорат, кумитаи зерсохт, кумитаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва кумитаи энержӣ баргузор мешавад дар хилоли он тафоҳумномаҳо ва тавофуқоти ду кишвар бо ҳадафи пешбурд ва иҷроӣ шудан он мавриди баррасӣ қарор мегирад, нуҳумин камисяи ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатар то рузи душанбе идома хоҳад дошт.

Дар остонаи баргузарии нуҳумин Иҷлоси камисияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодии Эрон ва Қатар тайи гуфтугӯи телефонии вазири неру ва раиси эронии камисияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бо вазири санъат ва тиҷорати Қатар ва раиси қатарии ин камиссиюн бар мавзуъи ташкили Шӯрои равобити тиҷорӣ барои тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар таъкид шуд .

Давлати сездаҳуми Эрон ба ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ ва ҳамсу дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ тавваҷуҳи вижа дорад ва дар ҳамин чорчӯб афзоиши ройзаниҳои сиёсӣ ва густариши равобити иқтисодӣ бо ин кишварҳоро дар авлавият қарор додааст.

Сафар ба Қатар ва мулоқот бо амири ин кишвар дар Исфанди 1400 аз нахустин сафарҳои хориҷии Сайид Иброҳими Раисӣ  пас аз тасаддии раёсати Ҷумҳурии Эрон мурдоди 1400 маҳсуб мешавад дар ин сафар 14 санади ҳамкории байни ду кишвар дар мавзӯъоти ҳавопаймоӣ, тиҷорӣ, киштиронӣ, расона, барқ ва ҳамчунин дар мавзӯъоти фарҳангӣ ва омӯзишӣ имзо шуд амири Қатар низ 22 Урдӣбиҳишти соли 1401 дар раъси ҳайати олирутба ба Теҳрон сафар кард.

Равобити Қатар ва Эрон ҳамвора бар усули чун эҳтиром ва ҳусни ҳам ҷавории банно шуда ва ҳамсоягӣ ва дайни муштарак аз авомили муҳим дар шаклгирӣ иртиботи байни ду тараф будааст, Эрон ва Қатар ба унвони ду кишвари исломӣ дар минтақаи муҳиму ҳассоси халиҷи Форс қарор доранд ва мавозиъи онҳо дар масоили муҳими минтақаӣ ба ҳам наздик аст.

Дар ин ҳол марзи дарёии 250 километри ҳади фосили ду кишвар дар шимол ва ҷануби халиҷи Форси зарфияти қобили таваҷҷуҳи барои рушди равобити иқтисодӣ фароҳам карда ва ба гуфтаи Солеҳи Алмонеъ мудири кули байналмилалии Вазорати санъат ва тиҷорати Қатар мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар дар солҳои ахири 43 дарсад афзоиш ёфтааст.

Аз онҷо ки Эрон ва Қатар аз ҷумла тавлидкунандагон ва содиркунандагони манобеи сухти дар минтақа ва ҷаҳон ҳастанд, бахши зиёди мубодилоти тиҷории байни ду кишварро мубодилоти ғайринафтӣ ташкил медиҳад.

Муҷтабо Акбарӣ раиси маркази байналмилалии Вазорати неруи Эрон бо ишора ба сохтори иқтисодии Қатар ва таъомулоти иқтисодии ин кишвар бо Эрон мегуяд: Бо баҳрамандӣ аз мазиятҳои нисбӣ ва наздикии ҷуғрофиёӣ ва шабоҳатҳои динӣ ва мазҳабӣ ме тавон равобити иқтисодии ду кишварро бо истифода аз фурсатҳои иқтисодӣ монанди рушди содироти ғайринафтӣ ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, ҷазби сармоягузорони қатарӣ ва рушди таъомулоти гардишгарӣ густариш дод.

Ҳасани Ҳонизода коршиноси масоили байналмиллал бо таъкид бар ин ки муносиботи Эрон ва Қатар ба сатҳи хуби расида аст мегуяд: Қатар яке аз кишварҳои муҳими ҳавзаи халиҷ Форс аст ки метавонад ҳалқаи иртиботии Эрон ва кишварҳои дигарро қавитар, равобити тиҷории байни Эрон ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форсро афзоиш ва ба ҳамгароӣ ва рифоҳи байни кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс кумак кунад.

Барчасп