Фармондеҳи ҳавонирӯзи артиш: Қудрати биломунозиаи ғарби Осиё ҳастем
Фармондеҳи ҳавонирӯзи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки ин нерӯ қудрати биломунозиаи ғарби Осиё аст, таъкид кард, имрӯз душманро аз фосилаи дур бо силоҳҳои дурбурду нуқтазан мунҳадим карда ва иҷозаи наздик шудани онҳо ба хоки кишварро намедиҳем.
Ҳавонирӯзи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон (сарвожаи ҳавонавардии неруии заминӣ) аз зермаҷмӯаҳои нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки вазифаи ҷо ба ҷоӣ ва пуштибонии неруҳои заминии артишро бар уҳда дорад.
Ба гузориши ИРНА, амир сартип Юсуфи Қурбонӣ, фармондеҳи ҳавонирӯзи артиш имрӯз (якшанбе) гуфт, имрӯз дар торикӣ ва дар шароити бади ҳаво, размоиш анҷом медиҳем, ин боис шуда то сервисҳои ҷосӯсии кишварҳои ғарбӣ унвон кунанд, ки бояд муроқиб бошем то болгардҳои артиши Эрон шабона бар рӯи шиноварҳояшон дар Халиҷи Форс нанишинанд.
Вай афзуд, дар дифои муқаддас, ҳавонирӯз 500 ҳазор соат амалиёт анҷом дод, ки ин адад дар ҷаҳон рекорд маҳсӯб мешавад.
Амир сартип Қурбонӣ ҳамчунин гуфт, дар дифои муқаддас бо 80 кишвар ҷангидем ва иҷоза надодем, ки ҳатто як ваҷаб аз хоки кишварамон ҷудо шавад.