Декабр 11, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози фасли ҷадиди ҳамкориҳои расонӣ Эрон ва Тоҷикистон
    Оғози фасли ҷадиди ҳамкориҳои расонӣ Эрон ва Тоҷикистон

Ройзани сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон аз роҳандозии дафтарҳои хабарии Тоҷикистон ва Эрон то ду моҳи оянда хабар дод.

Музафар Муҳаммади дар мусоҳибаи ихтисоси бо хабаргузории Эрон Пресс гуфт: Ифтитоҳи дафтарҳои хабари дар шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе дар пайи имзои санади расонаӣ миёни ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон анҷом мешавад.

 

Ройзани сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд: Дар сафари ахири оқои Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон 19 санади ҳамкори ба имзо расид ва яке аз санадҳо, санади гушоиши дафтарҳои Садо ва Симои Эрон ва Тоҷикистон дар Теҳрон ва Душанбе буд.

Музафар Муҳаммади ҳамчунин баён кард: Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Эрон дар арсаҳои мухталиф дар сатҳи оли аст ва расонаҳои хабари бояд ин ҳамкориҳоро бозтоб бидиҳанд.

Ройзани сафорати Тоҷикистон имруз душанбе ба ҳамроҳи ҳайати аз намояндагони расонаҳои Тоҷикистон аз хабаргузории байналмилалии тасвирии Эрон Пресс Садо ва Симо боздид кард.

Шоҳид Самади сухангуи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ ҳайати боздидкунанда аз Садо ва Симоро ҳамроҳи мекард.

Барчасп