Тақвияти ҳамкории расонаии Эрон ва Тоҷикистон
Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе эълом кард, тақвияти ҳамкории расонаии Эрон ва Тоҷикистон бо имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкории Созмони садо ва симои Эрон ва Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунин бозгушоии дафтари Садо ва Симои Эрон дар шаҳри Душанбе, равобит ва ҳамкории расонаии ду кишвар густариш меёбад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳайате аз мақомоти дипломатиии ҷумҳури Тоҷикистон ба раёсати Шоҳин Самадӣ-раиси шуъбаи иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар ва бо ҳамроҳии Музаффар Муҳаммадӣ-ройзани фарҳангии Тоҷикистон дар Теҳрон рӯзи душанбе бо ҳузур дар Созмони садо ва симо бо муовини бурунмарзӣ ва мудири кулли умури байналмиллалии созмон дидору гуфтугӯ карданд.
Тафоҳумномаи ҳамкории Созмони садо ва симои Эрон ва Радио ва Телевизиони Тоҷикистон, моҳи гузашта дар сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе имзо шуд ва нишасти дирӯз дар ростои иҷроӣ шудани ин тафоҳумномаи чандҷониба баргузор шуд.
Аҳмади Наврӯзӣ-муовини бурунмарзии Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор зимни ишора ба муштаракоти ду миллати Эрон ва Тоҷикистон ибрози умедворӣ кард, бо бозгушоии дафтари намояндагии Садо ва Симо дар Тоҷикистон, равобити расонаии ду кишвар ба манзури намоиш ва муаррифии иштирокоти фарҳангӣ ва забонии ду миллат то ҳадди имкон густариш ёбад.
Аббос Муҳаммаднажод-сарпарасти идораи кулли умури байналмиллалӣ низ дар нишасте, ки ба мизбонии ин идораи кулл баргузор шуд,гоми аввали иҷроӣ шудани тафоҳумномаро табодули барномаҳои қавии тавлидшуда дар ду расона бо мазмуни муаррифи ду кишвар баршумурд.
Муҳаммаднажод ҳамчунин бо ишора ба тавонмандӣ ва зарфиятҳои Донишгоҳи садо ва симо дар баргузории коргоҳҳои омӯзиши онлайн ва ҳузурӣ, барои барпоии давраҳои омӯзишӣ бар асоси ниёзсанҷӣ аз радио ва телевизион Тоҷикистон эъломи омодагӣ кард.
Дар ин нишаст Шоҳин Самадӣ-раиси шуъбаи иттилоот ва матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи рафъ монеъаҳо дар масири бозгушоии дафтари намояндагии Созмони садо ва симои Эрон дар Душанбе ибрози умедворӣ кард, ки равобит ва ҳамкории расонаии ду тараф дар бахшҳои мухталиф густариш ёбад.Вай ҳамчунин дар хусуси пешниҳоди Муҳаммаднажод дар бораи табодули барномаҳо бо мазмуни муаррифии ду кишвар аз роҳандозии телевизиони вежаи сайру ва саёҳат дар кишвараш хабар дод ва барои ҳамкории бисёр наздик бо расонаҳои Эрон эъломи омодагӣ кард.