Декабр 12, 2023 14:37 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҳастаии Эрон дар ҳавзаи радиодоруҳо

Маросими рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҳастаии Эрон бо ҳузури Муҳаммади Исломӣ-раиси Созмони атомии Эрон дар ҳавзаи радиодоруҳо дар Теҳрон баргузор шуд.

Image Caption

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин радиодоруҳо барои ташхиси варамҳои мағзи сар истифода мешавад.

 Фановарии ҳастаӣ яке аз фановариҳои меҳварӣ ва поя аст, ки саҳми бузурге дар густариши фановариҳои нав ва пешрафти саноъати навин дорад.Ҷумҳурии Исломии Эрон низ бо иттико ба тавонмандии мутахассисони бумӣ ба истифодаи сулҳомез аз энергияи ҳастаӣ рӯй оварда ва бо ҳусни ният собит кардааст, ки ҳадафе ҷуз истифодаи сулҳомез ва саноъатӣ аз ин энергия надорад.

 Дар солҳои ахир донишмандони ҳастаии Эрон муваффақ шудаанд навъҳои гуногуни маҳсулоти пурмасрафро, ки мавриди ниёзи марказҳои илмӣ ва таҳқиқоти кишвар аст, тавлид кунанд; Ба унвони мисол донишмандони эронӣ дар ҳавзаи ташхис ва дармони саратон ба иктишофоти муҳимме даст ёфтаанд, ки вориди марҳилаи озмоиши болинӣ хоҳад шуд; Эрон ҷузви 5 кишвари бартари ҷаҳон дар ин ҳавза аст.

 

Барчасп