Ҷайшуз-зулм - масъули ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳи полиси Роски Эрон
Гурӯҳаки террористии Ҷайшуз-зулм ҳамлаи террористӣ ба мақари интизомиро дар Роск, ҷануби шарқи Эрон бар ӯҳда гирифт.
Ба гузориши ИРНА, шомгоҳи панҷшанбе террористҳо ба мақари интизомии Роски Эрон ҳамла карданд.
Муовини амниятиву интизомии устондори Систону Балучистони Эрон гуфт, дар ҳамлаи террористӣ ба мақари интизомӣ дар Роск 12 нафар ба шаҳодат расиданд.
Баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ, фаъолиятҳои мухталифе барои барандозӣ ва муқобила бо Ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи Амрико, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидони минтақаии онон сурат гирифтааст.
Дар солҳои ахир низ бо шикасти фишори ҳаддиаксарии таҳримҳои Амрико, фишори ҳаддиаксарии амниятӣ зидди Эрон шакл гирифт. Дар ин таҳаррукот байни Исроил, Амрико ва Англия ҳамкориҳои густардае ҷараён дорад.