Баргузории роҳпаймоии ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Эрони исломӣ
(last modified Fri, 15 Dec 2023 15:19:53 GMT )
Декабр 15, 2023 20:19 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза аз сӯи мардуми Эрон
    Маҳкум кардани ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза аз сӯи мардуми Эрон

Роҳпаймоии ҳимоят аз мардуми Фаластин пас аз иқомаи намози ҷумъа дар шаҳрҳои мухталифи Эрон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, намозгузорони шаҳрҳои мухталифи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, Хуросони Разавӣ, Ардабил, Луристон, Мозандарон ва Курдистон, бо сар додани шиорҳое ҳамчун марг бар Исроил, марг бар Амрико, ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро маҳкум карданд.

Намозгузорони эронӣ ҳамчунин бо дар даст доштани дастнавиштаҳое оташбаси доимӣ дар Ғаззаро хостор шуданд.

Гуруҳҳои муқовимати Фаластин ҳафтуми октябри 2023 амалиёти ғофилгиркунандае бо номи «Тӯфонулақсо»-ро аз Ғазза (ҷануби Фаластин) алайҳи мавозеи режими ишғолгари Қудс оғоз карданд ва ин режим барои талофӣ ва ҷуброни шикасти худ ва таваққуфи амалиёти гуруҳҳои муқовимат, иқдом ба бомбаборони манотиқи маскунӣ, дармонӣ ва фарҳангии навори Ғазза карда, ки дар асари ин ҷиноят то кунун беш аз 18 ҳазор шаҳрванди фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.