Таъкиди Эрон ва Арабистон бар афзоиши таомулоти дуҷониба
(last modified Sat, 16 Dec 2023 09:47:08 GMT )
Декабр 16, 2023 14:47 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Арабистон бар афзоиши таомулоти дуҷониба

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Арабистон дар ҳошияи нахустин нишасти кумитаи муштараки Эрон, Арабистон ва Чин дар Пекин дидор ва бар афзоиши таомулоти дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алӣ Боқирии Канӣ-муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва Валид ибни Абдулкарим-қоиммақоми Вазорати умури хориҷаи Арабистони саудӣ дар ҳошияи нахустин нишасти кумитаи муштараки Эрон, Арабистон ва Чин асри рӯзи ҷумъа (15 декабр) дар Пекин дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ду тараф бар таваққуфи ҳарчи зудтари ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ва лузуми кумакрасонии фаврӣ ба мардуми мазлуми Фаластин таъкид карданд.

Нахустин нишасти кумитаи сеҷонибаи Эрон, Чин ва Арабистони саудӣ дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷаи рӯзи ҷумъа дар Пекин баргузор шуд.

 Алӣ Боқирии Канӣ-муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон,Валид ибни Абдулкарим-муовини вазири умури хориҷаи Арабистони саудӣ ва Данг Ли-муовини вазири умури хориҷаи Чин дар бораи пайгирии тавофуқи Пекин, ки байни Эрон ва Арабистон ва бо ҳузури Чин ҳосил шуд, ҳузур доштанд.

 Эрон ва Арабистон пас аз ду сол музокира ва гуфтугӯ бо мизбонии Ироқ ва Уммон, даҳуми март 2023 ва пас аз мулоқот ва гуфтугӯи чандрӯзаи масъулони ниҳодҳои амнияти миллии ду кишвар дар Пекин бо интишори баёнияе аз тавофуқи Теҳрон ва Риёз барои оддисозии равобити худ хабар доданд.

 Ду кишвар аз соли 2016 равобити дипломатиашонро қатъ карда буданд.