Декабр 19, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Севумии тими камонгирии рӯйи аспи Эрон дар ҷаҳон

Тими миллии саворкории Эрон, унвони севуми тимии нахустин давраи мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии ҳунарҳои разми савора дар риштаи камонгирии рӯй аспро ба даст овард.

Тими миллии саворкории Эрон дар рӯзи поёнии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии ҳунарҳои размии савора, дар риштаи камонгирӣи бар рӯйи асп, ки дар Арабистон баргузор шуд, нишони бринҷиро касб кард.

 Ба гузориши радиои тоҷики садои Хуросон, миллипӯшони Эрон пас аз се рӯз рақобат бо ёздаҳи кишвари қудратманди дунё, тавонистанд сакуи севуми ин давра аз мусобиқотро нахустин бор барои Эрон касб кунанд.

 Саворкорони ҳунарҳои размии савора ин унвонро дар ҳоле барои Эрон, ба даст оварданд, ки аъзои тими миллӣ дар як барномарезии мудавван, беш аз як сол дар урдуҳои идомадор тамриноти худро пайгирӣ мекарданд.

 Гаршо Қурчиён, намояндаи Эрон дар мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии ҳунарҳои размии савораи Арабистон, медали тиллои инфиродии ин рӯйдодро касб кард.

 Дар ин рӯйдод тимҳои миллии Арабистон ва Қазоқистон ба тартиб аввал ва дувум шуданд.

 

 

 

Барчасп