Насби мушакҳои муҷаҳҳаз ба ҳӯши маснуӣ бар рӯи шиноварҳои Сипоҳи посдорон
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз насби мушакҳои муҷаҳҳаз ба ҳӯши маснуӣ бар рӯи шиноварҳои ин неру хабар дод.
Сардори дарёдор Алиризо Тангсерӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони Эрон гуфт, мушакҳое бо бурди боло, муҷаҳҳаз ба ҳӯши маснуӣ ва фармонпазирӣ пеш аз шиллик бар рӯи шиноварҳои сипоҳ насб шуд.
Сардор Тангсерӣ афзуд, сохти ин шиноварҳо тавассути мутахасассини эронӣ дар Нерӯи дарёии сипоҳ нишон аз азми ҷиддии фарзандони ин кишвар барои худкифоии низомӣ аст.
Фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон гуфт, шиноварҳое бо класси Ҳоҷи Қосим бо номҳои Шаҳид Сайёди Шерозӣ ва Шаҳид Ҳасани Боқирӣ сохта шуда ва бо илҳоқ шудани шиновари Абамаҳдӣ Алмуҳандис ба зудӣ шиновари Шаҳид Раисалии Дилворӣ ба новгони Нерӯи дарёии сипоҳ изофа мешавад.
Сардор Тангсерӣ бо баёни ин ки тамомии таҳаррукоти душман дар халиҷи Форс бо сомонаҳои заминӣ, ҳавоӣ, сатҳӣ ва зерсатҳӣ ба шакли 24 соата расад мешавад, таъкид кард, дар ҳавзаи паҳподӣ, бурдафзоӣ, луд, борбарӣ бо мушак ва дар зерсатҳӣ ҳам корҳои бузурге анҷом гирифтааст.
Докторинаи дифои Эрон асосан мубтанӣ бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст. Барои эҷоди боздорандагии воқеӣ доштани тавоноии низомиву таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани неруҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз нақше асосӣ дорад.