Декабр 21, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Сурияи меҳвари ройзании мақомоти вазорати хориҷаи Эрон ва Туркия
    Таҳаввулоти Сурияи меҳвари ройзании мақомоти вазорати хориҷаи Эрон ва Туркия

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ ва муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар бораи охирин вазъияти майдонӣ, сиёсӣ ва байналмилалии Сурия табодули назар карданд.

Ба гузориши Ирно ، « Алиасғар Хоҷӣ » мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ ва « Аҳмади Илдиз » муовини вазири умури хориҷаи Туркия дар Теҳрон, ҷиноёт ва  тадовуми куштори мардум бегуноҳи Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ ва паёмадҳои он бар густариши ҷанг дар минтақаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд .

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ ва  муовини вазири умури хориҷаи Туркия ҳамчунин зимн гуфтугӯ дар бораи даври ояндаи  нишастҳои раванди Остона ва аз саргирии нишастҳои Кумитаи қонуни асосӣ. бар аҳамияти ин равандҳои сиёсӣ дар дастёбӣ ба сулҳу сабот дар Сурия таъкид карданд .

Намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милал дар умӯри Сурия ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо « Алиасғари Хоҷӣ » мушовири аршади вазири хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ, ки ба сурати видео конфаронс баргузор шуд. бар идомаи талошҳо барои барқарории сулҳу субот дар Сурия таъкид кард .

Мушовири аршади вазири умури хориҷаи Эрон дар умӯри вижаи сиёсӣ иттихози гомҳои амалӣ дар ростои таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин беҳбӯди вазъияти инсонӣ ва  иқтисодии Сурияро хостор шуд .

Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Сурия ҳамкории роҳбурдӣ дорад ва  ҳимояти Теҳрон аз давлати қонунии ин кишвар дар тӯли бӯҳрони Сурия ва  кумак ба давлати Асад дар фароянди мубориза бо гурӯҳҳои мухталифи террористӣ пирӯз шудаи ин амр аст .

Барчасп