Декабр 21, 2023 18:39 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти шаби Ялдо дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо

Имшаб панҷшанбе, тӯлонитарин шаби сол аст.

Шаби Ялдо, яке аз шабҳои вежаи форсизабонон аст, ки бо давриҳамнишинӣ мегузарад. Эрониҳо ва дигар миллатҳои форсизабон монанди аҳолии Афғонистон ва Тоҷикистон дар шаби Ялдо бо даври ҳам будан ва иттиҳод, зулмати Ялдоро ба дасти Хуршед месупоранд ;то бо тулӯъш хайру баракатро роҳии зиндагиашон кунад. Чашму  чароғи суфраҳои шаби Ялдо ҳам девони ғазалиёти Ҳофиз ва Шоҳномаи Фирдавсӣ аст.

 Шаби Ялдо ҳамон тавре, ки дар охирин рӯзи поиз дар Эрон гиромӣ дошта мешавад дар Афғонистон ва Тоҷикистон ҳам мавриди таваҷҷуҳи мардуми форсизабони он кишварҳост. Мардуми Афғонистон аз солҳои дӯр ин шабро бо одоб ва русуми хоссе гиромӣ медоранд. Онҳо мӯътақиданд, ки дар шаби Ялдо умри сиёҳӣ ба поён мерасад ва рӯзҳои дароз ҳамроҳ бо нур ва равшанӣ бо чирагӣ бар зулмат ва торикӣ аз роҳ мерасанд. Ҳофизхонӣ, Шоҳномахонӣ, қиссагӯӣ, дидор бо бузургон, бурдани ҳадияи домодҳо барои наварусашон ба унвони «ялдоӣ» ва шабнишинӣ аз ҷумлаи маросими форсизабонон Афғонистони дар ин шаб аст. Афғонҳо ин шабро бо хӯрдани меваҳои тоза монанди ҳиндувона(тарбус), анор ва донагиҳо ҷашн мегиранд. Нақл аст, ки агар касе дар шаби Ялдо ҳиндувона масраф кунад аз гармии тобистон дар амон мемонад ва ташна намешавад.

Дар чаҳор даҳаи ахир барои мардуми Афғонистон мушкилоти зиёде эҷод шуда, аммо ин мушкилот боис нашудааст, ки онон оини пешиниёни худро фаромӯш кунанд.

 Аз шаби Ялдо дар шаҳрҳои шимолии Афғонистон бо шукӯҳи бештаре дар муқоиса бо ҷануб ва шарқ таҷлил мешавад, дар шимолу шарқи Афғонистон ва дар Помир ва вилояти Бадахшон, ки рӯзгоре ҷузъе аз Эрон будаанд, оини бузургдошти зоиши Хуршед ва шаби Ялдо тибқи русуми Эрони бостон иҷро мешавад.

Кишвари Тоҷикистон чун дар Осиёи Миёна воқеъ шуда низ мизбони маросимҳои Эрони бостон буда ва шаби Ялдо низ дар ин кишвар баргузор мешавад. Дар ин шаб, шириниҳое, ки пухта шудаанд, сарф мешаванд. Ҳамчунин мардуми Покистон низ дар ин шаби тӯлонӣ ба дуо ва ниёиш мепардозанд. Дар ин шаб мардони покистонӣ расм ҳаммоми замистониро иҷро карда ва дар ҳоле, ки тикка ноне дар даст доранд, рӯйи сари худашон об мерезанд. Занон ва духтарони Покистони низ маросими ҳаммоми суннатиро дар шаби Ялдо иҷро мекунанд.

Дар ниҳоят ғизоҳои махсуси ин шаб монанди шикамчаи буз сарф мешавад.

 Дар бархе кишварҳои шарқи Осиё низ ҷашни бузургдошти оғоз замистон гирифта мешавад. Дар Чин, дар ин шаби тӯлонӣ навъе чои махсус ва кӯфтаи биринҷӣ сарф мешавад. Сокинони Кореяи ҷанубӣ низ кӯфта биринҷиҳоишонро бо лубиёи сурхи ширин пухта ва майл мекунанд. Сипас моеъи махсусеро барои дур кардани арвоҳи хабис дар атрофи хонаҳояшон мерезанд. Шаби Ялдо дар Амрикои ҷанубӣ, шаби Ялдо дар байни сурхпустон, шаби Ялдо дар Африқо, шаби Ялдо дар Шотландия низ тибқи маросимҳои сокинони ин минтақаҳо иҷро мешавад.

 

Барчасп