Тасвиби эҷоди маркази тиҷорати Эрон бо Қатар
Мудири омили ширкати сармоягузорӣ ва тавсеаи устони Бушеҳр (ҷануби Эрон) аз тасвиби эҷоди маркази тиҷорати Эрон бо Қатар дар Давҳа бо масъулияти Бушеҳр дар комиссияи ҳамкориҳои муштараки иқтисодии ду кишвар хабар дод.
Қатар аз кишварҳои ҳадаф ва бо авлавият дар сиёсати хориҷии Эрон аст ва мурури таърихи равобити онон ҳам нишон медиҳад муносиботи ду кишвар ҳамвора амиқ ва рӯ ба рушд будааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,дар ҳамин росто Меҳрдод Иброҳимӣ-мудири омили ширкати сармоягузорӣ ва тавсеаи устони Бушеҳр рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ба зудӣ маркази тиҷорати Эрон бо Қатар бо масъулияти устони Бушеҳр дар Давҳа роҳандозӣ мешавад.
Иброҳимӣ афзуд: Эҷоди намоишгоҳи доимии маҳсулоти эронӣ , дафтари ҳуқуқӣ , дафтари бозорёбӣ ва хонаи тоҷирон аз муҳиммтарин коркардҳо ва вазоифи ин марказ ба шумор меравад.
Мудири омили ширкати сармоягузорӣ ва тавсеаи устони Бушеҳр афзуд: Устони Бушеҳр ва бандари Дер наздиктарин нуқта ба кишвари Қатар ҳастанд ва ҳамакнун тамоми содироти Эрон ба Қатар аз бандарҳои устон ва ба таври вежа бандари Дер анҷом мегирад.
Мудири омили ширкати сармоягузорӣ ва тавсеаи устони Бушеҳр ёдовар шуд: Маркази тиҷории Эрон дар Қатар бо масъулияти Бушеҳр як гоми бисёр хуб дар тавсеаи равобити иқтисодии ин устон бо кишвари Қатар маҳсуб мешавад.