Декабр 23, 2023 14:01 Asia/Dushanbe
  • такмилӣ / Раҳбари муаззами инқилоб: Интихобот ҷилави диктаторӣ, ҳарҷу марҷ ва ноамниро мегирад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ҷамъе аз мардуми устонҳои Кирмон ва Хузистони Эрон гуфтанд: Интихобот ҷилави диктаторӣ, ҳарҷу марҷ ва ноамниро мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор бо баёни инки ду калимаи ҷумҳурӣ ва исломӣ ҳар ду вобаста ба интихобот аст, таъкид карданд: «Ҷумҳурӣ, яъне мардумсолорӣ яъне ҳокимияти кишвар ба дасти мардум. Мардум чӣ гуна дар ҳокимият дахолат кунанд, ҳеҷ роҳе ҷуз интихобот вуҷуд надорад.»

 Ҳазрати оятуллоҳи Хоманаӣ бо таъкид бар инки роҳи ҳалли мушкилоти кишвар интихобот аст, афзуданд: «Баъзеҳо дар мавриди лузуми интихобот ишколтарошӣ мекунанд, дилсард мекунанд таваҷҷуҳ намекунанд, ки агар интихобот дар кишвар набошад ё диктаторӣ аст ва ё ҳарҷу марҷ ва ё ноамнӣ аст.Он чизе, ки ҷилави бурузи диктаториро дар кишварро мегирад интихобот аст он чизе, ки ҷилави ҳарҷу марҷ ва иғтишош ва ноамниро мегирад, интихобот аст.»

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: «Интихобот он масири саҳеҳӣ аст, ки мардум метавонанд ба василаи он ва аз он масир ҳокимияти миллӣ, мардумсолорӣ ва ҷумҳуриятро дар кишвар таъмин кунанд.»

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо баёни инки имрӯз дар дунё ҳеҷ кас байни режими саҳюнистӣ ва Амрико ва Англия тафовут намегузорад, гуфтанд: «Амрико бешармона қатъномаи Шӯрои Амниятро барои оташбас вето мекунад ва ниқоб аз чеҳраи тамаддуни ғарбӣ афтод.»

 Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: «Пирӯзии бузурги миллати Фаластин дар ин аст, ки Ғарб ва Амрико ва иддаоҳои дурӯғини ҳуқуқи башариро беобрӯ карданд.»

 

 

 

Барчасп