Декабр 24, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Афғонистон бар иҷроӣ кардани созу корҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон

Намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умӯри Афғонистон ва сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Афғонистон дидор ва бар иҷроӣ кардани созу корҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ин кишвар таъкид карданд.

Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати Афғонистон, ки барои ҳузур дар Конфронси байналмилалӣ бо мавзӯи Фаластин ба Теҳрон сафар кардааст, имрӯз (якшанбе) бо  Ҳасани Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи раисиҷумҳӯр дар умӯри Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор ду тараф дар хусӯси мавзӯи гуруҳи тамоси минтақаӣ бо ибтикороти кишварҳои минтақа, ки Эрон ҳамеша аз ин мавзӯ ҳимоят карда ба табодули назар пардохтанд.

Ду ҳайат дар хусӯси таъомулоти тиҷорӣ аз ҳавзаи кридорҳои тразитӣ, таъомулоти энержӣ, барқ, газ ва соири заминаҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо якдигар ба гуфтугӯ ва табодули назар пардохтанд.

Image Caption

Дар хусӯси мушкилоти муҳоҷирони афғонистонӣ низ гуфтугуҳое анҷом ва таъкид шуд ду тараф созу корҳоеро барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон барномарезӣ ва иҷроӣ кунанд.

Ҳайати эронӣ ва афғонистонӣ дар мавзӯи ҳимоят аз мардуми Фаластин низ бо якдигар ба гуфтугӯ пардохтанду бо таваҷҷуҳ ба инки тарафи афғонистонӣ аз гуфтумони Эрон дар хусӯси Фаластин ҳимоят кард, ду тараф қарор аст дар ин қолаб низ таъомулоте бо якдигар дошта бошанд.

 

Барчасп