Захираҳои генетикии гиёҳии Эрон қавитар аз Иттиҳоди Аврупо
(last modified Sun, 24 Dec 2023 13:23:02 GMT )
Декабр 24, 2023 18:23 Asia/Dushanbe
  • Захираҳои генетикии гиёҳии Эрон қавитар аз Иттиҳоди Аврупо

Муовини вазири Ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, захираҳои генетикии гиёҳии Эрон қавитар аз Иттиҳоди Аврупо аст.

Захираҳои генетикӣ, маводи генетикӣ бо арзиши билфеъл ё билқувва аст, ки дар он модаи генетикӣ ба ҳар модаи гиёҳӣ, ҷонварӣ, микробӣ ё аз дигар манша ва дорои воҳидҳои амалкарди виросатӣ гуфта мешавад.

Сайидмуҷтабо Хайёми Накуӣ, муовини вазири Ҷиҳоди кишоварзии Эрон вуҷӯди ҳашт ҳазор захираи генетикии гиёҳии Эронро дар муқоиса бо кулли Иттиҳоди Аврупо қавитар донист ва гуфт, дар Иттиҳоди Аврупо ҳафт ҳазор захоири генетикӣ вуҷӯд дорад.

Ба гузориши ИРНА, Хайёми Накуӣ имрӯз (якшанбе) дар нахустин рӯз аз шашумин Конгресси байналмилалии клиникҳои домҳои калон бузург, ки дар маҳали Маркази байналмилалии ҳамоишҳои Розӣ баргузор шуд афзуд, аз ин мизон захоири генетикӣ 2 ҳазор гӯнаи он доруӣ аст, ки бояд бештар мавриди аҳиммият қарор гирад.

Image Caption

Вай бо баёни инки панҷ то 6 фанноварии навин мутаваллид шудааст, гуфт, дар ҳавзаи улӯми зистӣ низ ба мушкилоти марбӯт ба саломати дом ва фаровардаҳои домӣ пардохта шудааст, ки ба коргирии он метавонад, таҳаввули маънидоре дар саломати ҷомеъа эҷод кунад.