Таҳлил: Вокунишу ҳушдори Эрон ба мавзеи Русия дар ҳамсӯйи бо иддаоҳои Иморот
Шашумин нишасти Маҷмаъи ҳамкории кишварҳои арабӣ ва Русия рӯзи 20 декабр ба раёсатии Носир Боритеҳ ، вазири хориҷаи Марокаш баргузор шуд ва бори дигар иддаоҳои Иморот дар бораи ҷазоири се гонаи эронӣ дар баёнияи поёнии нишаст бо ҳимояти Русия ҳамроҳ шуд .
Дар баёнияи поёнии нишасти Марокеш ки Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия низ ба ҳамроҳи вазирони хориҷиа чанд кишвари арабӣ ҳузур дошт ، ба ҷазоири се гонаи эронӣ низ ишора шуда ва аз роҳи ҳалҳо ва ибтикороти сулҳомез бо ҳадафи ҳали муноқишаи миёни Эрону Иморот аз тариқи музокироти дуҷониба ё девони байналмилалии додгустарӣ ، бар асоси қавонини байналмилалӣ ва маншури Созмони Милал ҳимоят шудааст .
Иморот дар солҳои ахир борҳо иддаои арзӣ дар бораи ҷазоири се гонаи эрониро матраҳ кард. Нуктаи муҳим ин аст, ки замоне, ки Эрон ин ҷазоирро аз Англиси пас аз 68 сол дар 30-ноябри 1971 пас гирифт кишваре ба исми Имороти Муттаҳидаи арабӣ дар ҷуғрофиёии ҷаҳон вуҷӯд надошт ва ин кишвар пас аз истиқлоли амирнишинҳои 6 гона аз истеъмори Инглис дар 2- декабри 1971 таъсис ва дар марҳалаи баъдии ҳафтумин Амирнишин яъне Расалхайма дар 9- феврали 1972 ба он мулҳақ шуд .
Мавзеи Русия дар ҳамроҳӣ кардан иддаоҳои Иморот мавриди интиқоди шаддиди афкори умумӣ ва бархе аз мақомоту шахсиятҳои Эрони қарори гирифта ва онро дар тазод бо раванди рӯ ба пешрафти равобити дуҷонибаи Теҳрон - Маскав медонанд . Ҳусайн Амирабдуллоҳиён ، вазири хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонии рӯзи ҷумъа Сергей Лавров , ҷазоири се гонаи Эрониро ҷузи лоянфаки тамомияти арзии Эрон донист ва тасреҳ кард : Эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти арзии кишварҳо аз усӯли бунёдин дар муносиботи кишварҳост ва Теҳрон дар мавзӯъи эҳтиром ба тамомияти арзӣ ва мабоҳиси ҳокимияти Эрон бо ҳеҷ тарафӣ таъоруф надорад .
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар Твиттер дар вокуниш ба баёнияи Русия ва аъроб дар мавриди ҷазоири се гона навишт : Равобит бо Русия бар асоси манофеи миллии Эрону эҳтироми мутақобил танзим шудааст. Ҳаргунаи иддаое ки қасди хадша ба тамомияти арзии Эронро дошта бошад ҳатман хилофи ин усӯл аст , аз сӯйи Эрон бар хилофи ин равобити арзёбӣ шуда ва бо посухи ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд .
Вилоятӣ ; мушовири мақоми муаззами Раҳбарӣ дар умУри байналмилал низ гуфт : Дар шароите. ки Русия дар шароити печидаи байналмилалӣ қарор дорад иттихози баъзе аз мавзегириҳои вазорати хориҷаи Русияи боис таассуфаст .
Воқеият ин аст, ки мавзеъи Русия дар ҳамсӯйи бо Иморот дар хусӯси ҷазоири се гонаи эронӣ ، убӯр аз хутути қирмизи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси ҳокимият ва тамомият арзӣ аст. Тардиде нест, ки равобити Эрону Русия дар дохили ҳар ду кишвар ва ҳамчунин дар хориҷ аз ду кишвар ,бадхоҳоне дорад ,аммо сирфан набояд Эрон нигарони ин мавзӯъ бошад балки Русия низ бояд дағдағаи ҷиддӣ дар бораи талоши бадхоҳон барои барҳам задан ё ихлол дар равобити Маскав – Теҳрон дошта бошад .
Дар ҳамин ҳол , Маскав бояд дар назар дошта бошад ,ки ҳимоят аз иддаоҳои арзии ғайривоқеъӣ Иморот метавонад барои Русия низ дар бораи ҷазоири Курил ва ё сарзаминҳои дигар, ки мавриди ихтилофи Русия бо кишварҳои дигар аст такрор ва табдил ба як равияи хатарнок шавад. Русия ва Ҷопон дар бораи ҷазоири Курил ихтилоф доранд . Вазорати умӯри хориҷаи Ҷопон дар миёнаи ҷанги Украина, эълом кард « сарзаминҳои шимолӣ,маҷмӯъае аз ҷазоир Ҷопон ҳастанд, ки Токио бар он ҳаққи ҳокимият дорад ва бахши ҷудоинопазир аз қаламравӣ Ҷопон ҳастанд ,аммо Русия дар ҳоли ҳозир ба таври ғайриқонӯнии онро ишғол кардааст . »