Декабр 25, 2023 16:10 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён: Эрон ҳеҷ дахолате дар ҳамлаи яманиҳо ба киштиҳои исроилӣ надорад
    Амирабдуллоҳиён: Эрон ҳеҷ дахолате дар ҳамлаи яманиҳо ба киштиҳои исроилӣ надорад

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон зимни таъкид бар ин ки Эрон неруи ниёбатӣ дар минтақаи Ғарби Осиё надорад, таъкид кард, Эрон ҳеҷ дахолате дар ҳамлаи яманиҳо ба киштиҳои исроилӣ надорад.

Дар ҳафтаҳои ахир мавзӯи ҳамлаи яманиҳо ба киштиҳои исроилӣ ё киштиҳое, ки ба самти арозии ишғолӣ ҳаракат мекунанд, ба титри аввали хабарҳои расонаҳои дунё ва ҳамчунин ба яке аз авлавиятҳои муҳими ҳомиёни режими саҳюнистӣ ҷиҳати мувоҷеҳа табдил шуд.

Амрико дар идомаи ҳимоятҳо аз режими саҳюнистӣ эълом кард, ки эътилофи дарёӣ дар дарёи Сурх бо мушорикати чанд кишвар ташкил хоҳад дод. Илова бар ин, давлати Амрико дар идомаи иттиҳомҳо алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон муддаӣ шуд, Эрон дар ҳамлаи яманиҳо ба киштиҳои исроилӣ даст дорад.

Дар воқеъ, иддаои Амрико ин аст, ки яманиҳо ба ниёбат аз Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамла алайҳи киштиҳои исроилиро анҷом медиҳанд.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи гузашта, пас аз поёни конфронси байналмилалии Теҳрон дар хусуси Фаластин ба ин иддаоҳо посух дод.

Нуктаи нахуст дар изҳороти Амирабдуллоҳиён таъкид бар истиқлоли яманиҳо дар тасмимсозиҳо, аз ҷумла дар сиёсати хориҷӣ аст. Дар идома низ Амирабдуллоҳиён таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳеҷ гуруҳи ниёбатӣ дар минтақа надорад. Ин гуруҳҳои ниёбатӣ, ки Амрико аз онҳо ёд мекунад, гуруҳҳои воқеӣ ҳастанд, ки дар ростои амнияти миллӣ, истиқлолу манофеи миллии кишварашон ва амнияти минтақа иқдом мекунанд. Дар воқеъ, роҳбурди муҳими Ҷумҳурии исломии Эрон ин аст, ки дахолате дар тасмимсозиҳои муттаҳидони ғайридавлатӣ ва давлатии худ анҷом намедиҳад ва ба таври хос дар бораи Яман низ ба истиқлоли давлати Наҷоти миллии мустақар дар Санъо бовар дорад.

Нуктаи дувум дар изҳороти Ҳусайни Амирабдуллоҳён ин буд, ки яманиҳо бар асоси таҷрибае, ки тайи 8 соли ҷанг бо Арабистони Саудӣ таҷриба кардаанд, дониши низомии худро ба сатҳе расонидаанд, ки имкони тавлиди таҷҳизотро доранд. Яке аз муҳимтарин паёмадҳои ҷанги 8 солаи Арабистон алайҳи Яман низ дастёбӣ ба дониши низомӣ ва иртиқои қудрати боздорандагӣ буд ва ҳамин шохиса низ омили муҳиме барои талоши Риёз дар ҷиҳати хуруҷ аз ботлоқи Яман буд.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар ин замина унвон кард: Яманиҳо худашон имконоти болое доранд, мушак ва паҳпод доранд, таҷҳизоти низомии қавӣ дар дохили Яман дар ихтиёрашон аст. Ин як тасмими комилан яманӣ дар дифоъ ва ҳимоят аз Ғазза аст. Аз ин рӯ, ин иттиҳоми Амрико алайҳи Эрон беасос аст.

Нуктаи сеюм низ дар изҳороти Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, интиқод аз иқдоми Амрико дар эҷоди эътилофи дарёӣ дар дарёи Сурх буд. Амрико тайи ҳудуди 80 рӯзи ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи борикаи Ғазза, аз ин режим ба сурати ҳамаҷониба ҳимоят кард. Иддаои Амрико низ ин аст, ки бо иқдоми яманиҳо режими саҳюнистӣ мавриди таҳдид қарор гирифтаву амнияти он ба хатар афтодааст ва бо ташкили эътилофи дарёӣ низ амнияти саҳюнистҳо афзоиш пайдо хоҳад кард.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён бо интиқод аз ин иқдоми давлати Амрико, ба ду нукта ишора кард. Аввал ин ки агар Амрико даст аз ҳимоят аз режими саҳюнистӣ бардорад, минтақаи Ғарби Осиё амнтар хоҳад шуд ва ниёзе ба эътилоф нест. Дувум ин ки роҳкор эҷоди эътилоф дар дарёи Сурх нест, роҳкор мутаваққиф кардани рехтани хуни сурхи занон, кӯдакону ғайринизомиёни Ғазза ва Каронаи бохтарии Фаластин аст. Амрикоиҳо қабл аз ин ки бихоҳанд барои эҷоди эътилофе, ки натиҷаи он ҳам кумаке ба вазъият нахоҳад кард, талош кунанд бояд даст аз наслкушӣ, ҷинояти ҷангӣ, муҳосираи инсонӣ ва кӯчи иҷбории сокинони Ғазза ва дар оянда дар руъёҳои режими ҷаълии Исроил ба манотиқе дар Мисру Урдун бардоранд.

 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп