Тайиди музокироти ғайримустақими миёни Эрон ва Амрико
(last modified Sun, 19 May 2024 09:17:10 GMT )
Май 19, 2024 14:17 Asia/Dushanbe
  • Тайиди музокироти ғайримустақими миёни Эрон ва Амрико
    Тайиди музокироти ғайримустақими миёни Эрон ва Амрико

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид музокироти ғайримустақими миёни Эрон ва Амрикоро тайид кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шароитии вориди музокироти ғайримустақим бо Амрико шуда ки дар моҷарои ҷанги Ғазза ва ҳамла ба арозӣ ишғолӣ тавонист қудрати минтақаӣ худро тасбит кунад, қудрате ки ҳамзамон шуд бо мавқеъият дар остонагӣ ки дар чунин шароитӣ Камоли Харрозӣ раиси шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон зимни ҳушдор нисбат ба тағйири докторини ҳастаӣ Теҳрон дар суратии ҳаргунаи таҳдиди зидди Эрон Амрикоро даъват ба музокира даъват кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба пурсиши расонаҳо дар бораи ахбори мунташиршуда дар бораи музокироти ғайримустақими миёни Эрон ва Амрико дар Уммон, эълом кард музокирот идома дорад.

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ёдовар шуд ки ин музокирот нааввалин буда ва наохирин хоҳад буд.

Пештар сомонаи Аксиос дар хабарӣ ба нақл аз ду мақоми огоҳи Амрикоӣ эълом кард ки ду мақоми аршади давлат Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико Бретт МакГурк, мушовири аршади Байден дар ғарби Осиё ва Обром Пелӣ, намояндаи муваққати Амрико дар умури Эрон, ҳафтаи гузашта бо мақомоти эронӣ дар Уммон дар бораи чигунагии ҷилавгирӣ аз ташдиди ҳамалоти минтақаӣ ба сурат ғайримустақим гуфтугу кардаанд.

Аввалин даври гуфтугуҳои байни Амрико ва Эрон дар моҳи январи 2024 буд ки музокироти мушобеҳи дар Уммон анҷом шуд.

Дарҳамини ҳол, Ведант Пател муовини сухангӯии вазорати умури хориҷаи Амрико низ пештари муддаӣ шуда ки давлати Байден роҳҳоӣ барои барқарории иртибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрони дар сурати лузум дорад ва ба арзёбӣ дар ин хусус идома медиҳад.

Ин гуфтугуҳо танҳо як моҳ пас аз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакии бесобиқаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сарзаминҳои ишғолӣ дар 13 апрел анҷом шуда аст.