Декабр 26, 2023 10:35 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати яке аз мушовирони Сипоҳ дар Сурия

Дар ҷараёни ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабия дар атрофи Димишқ, яке аз мусташорон(мушовирон)и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Сурия ба шаҳодат расид.

Сардор Сайидразии Мусавӣ,аз мусташорони неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, , ки дар ҳавзаи пуштибонӣ аз меҳвари муқовимат дар Сурия фаъолият дошт, дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи душанбеи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Сайидразии Мусавӣ маъруф ба Сайидразӣ аз мусташорони бособиқаи Сипоҳ буд.

 Сардор Сайидразии Мусавӣ аз мусташорони қадимии неруи Қудси Сипоҳ дар Сурия ва ёру ҳамроҳи сардори шаҳид  ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ буд.

 

Барчасп