Декабр 26, 2023 10:44 Asia/Dushanbe
  • Амирабдуллоҳиён : Тел-Авив мунтазири шумориши маъкуси сахт бошад

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме зимни арзи таслият ба муносибати шаҳодати сардор Сайидразии Мусавӣ, аз мусташорони аршади низомии Эрон дар Сурия таъкид кард, Тел-Авив мунтазири шумориши маъкуси сахт бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирабдуллоҳиён дар ҳисоби корбарии худ дар расонаи иҷтимоии Х (Твиттери собиқ), шаҳодати мусташори эронии мубориза бо терроризм дар Сурия, сардор Сайидразии Мусавиро ба хонаводаи мӯҳтарами эшон ва ду миллати Эрон ва Сурия самимона таслият гуфт.

 Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Ин шаҳиди бузургавор солҳо дар канори шаҳид ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ барои таъмини амнияти Эрон ва минтақа алайҳи террористҳо далерона мубориза кард.

 Амирабдуллоҳиён тасреҳ кард: Тел-Авив мунтазири шумориши маъкуси сахт бошад.

Сардор Сайидразии Мусавӣ,аз мусташорони неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки дар ҳавзаи пуштибонӣ аз меҳвари муқовимат дар Сурия фаъолият дошт, дар ҷараёни ҳамлаи рӯзи душанбеи режими саҳюнистӣ ба минтақаи Зайнабияи Димишқ ба дараҷаи рафеъи шаҳодат ноил омад..

 

Барчасп